Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе меояд


Улуғбек Рўзиқулов
Улуғбек Рўзиқулов

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳафтаи оянда ҳайате бо раҳбарии Улуғбек Рӯзиқулов, муовини нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе меояд. Дафтари матбуоти вазорат бо нашри баёнияи расмие гуфт, ки сафари дурӯзаи ҳайати кишвари ҳамсоя рӯзҳои 20 то 22-уми июн сурат мегирад. Дар бораи ҳадаф аз сафар чизе гуфта нашудааст, аммо ҳафтаи равон байни ниҳодҳои гумрукии ду кишвар санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ин ҳам пештар аввали моҳи июн ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон баъд аз танаффуси тӯлонӣ масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишварро дар Душанбе баҳс кардаанд. Беш аз 90 дар сади сарҳади 1300-километрии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон таъйину аломатгузорӣ шудааст ва фақат 60 километри дигар мондааст, ки бояд ду тараф сари тақсими он ба мувофиқа бирасанд.

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев робитаҳои сарди байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард.

XS
SM
MD
LG