Пайвандҳои дастрасӣ

"Қазияи Русия" мақомоти аршади маъмурияти Трампро фаро мегирад


Майк Пенс

Бозҷӯии қазияи эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико метавонад теъдоде аз мақомоти аршади Кохи Сафедро фаро бигирад. Рӯзи панҷшанбе маълум шуд, ки ноиби раиси ҷумҳури ИМА Майк Пенс барои ҳимояи манфиатҳои худ дар ҷараёни бозҷӯӣ, вакили хусусӣ истихдом кардааст.

Пенс дар тасмимгирии аз мақом барканор кардани раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комӣ даст дошт, ки рақибони Трамп онро ҳамчун талоши ҷилавгирӣ аз татбиқи адолат маънидод мекунанд. Раҳбари пешини FBI "қазияи Русия"-ро таҳти назорат дошт. Мушовири вежаи ин қазия Роберт Мюллер муайян хоҳад кард, ки дар ҷараёни интихоботи соли гузашта, ситоди Доналд Трамп ба хотири зайиф кардани мавқеи рақибаш Ҳиллари Клинтон, бо Кремлин "муомилаи пинҳонӣ" дошт ё не. Агар ин "муомила" вуҷуд дошт, оё маъмурияти Трамп барои пинҳон нигаҳ доштани он талош кардааст.

Рӯзи чоршанбе Доналд Трамп барои пахши хабаре, ки таҳқиқот ба президент низ пахш мешавад, нашрияи "Washington Post"-ро шадидан интиқод кард.

"Ман қурбонии як тавтеаи бузург дар таърихи Амрико шудам, ки онро одамони бад ва шахсиятҳои зидунақиз, эҷод кардаанд" - навишт Трамп дар Твиттер. "Чаро ман бояд мавриди бозҷӯӣ қарор бигирам дар ҳоле, ки рақиби бевиҷдони ман дар интихобот Ҳиллари Клинтон, қонунро нақз кард, номаҳои хизматиро бо почтаи биҳифозат фиристод ва барои ин ҷазо нагирифт?"- суол гузошт Трамп.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG