Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири вижа дар қазияи интихобот ва Русия Трампро ҳам месанҷад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дар Твиттер навишт, бозҷӯии “қазияи сохта”-и равобити намояндагони ӯ бо мақомоти Русия акнун ин масъаларо низ меомӯзад, ки оё президент барои пешгирӣ аз ин таҳқиқ иқдом кардааст, ё не.

Пайғоми Трамп 15-уми июн, як рӯз баъд аз матлаби Washington Post нашр шуд, ки навиштааст, мушовири вижа Роберт Мюллер эҳтимоли талоши президентро барои ҷилавгирӣ аз адолат меомӯзад.

Мюллер эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ва робитаи намояндагони Трамп бо мақомоти Русияро бозҷӯӣ мекунад.

“Инҳо “афсона”-и дахолати Русия ба умури интихоботро эҷод карданд, аммо ҳеҷ исбот наёфтанд. Акнун “қиссаи дурӯғин”-и ҷилавгирӣ аз тафтиши “афсона”-и аввалро месанҷанд. Хуб аст”, - навиштааст Трамп дар Твиттер.

Рӯзи гузашта нашрияи Washington Post навишт, ки Робрет Мюллер, мушовири вижа, ҳаракатҳои президент Трампро дар ҷараёни аз мақом барканор кардани раҳбари Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комӣ меомӯзад.

XS
SM
MD
LG