Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳи Ғоиб ба Озарбойҷон рафт


Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон – ба Озарбойҷон рафт. Дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи 13-уми июн гуфт, ки оқои Ғоиб дар Боку дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок дорад.

Бино ба хабарҳо, Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон – рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Абдуфаттоҳи Ғоибро ба ҳузур пазируфт. Дар ин ҷаласа раҳбарони Хадамоти гумруки Русия, Беларус, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд. Ҷузъиёти дигаре аз ин ҷаласа дар даст нест.

Танҳо дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳошияи нишаст миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбакистон дар бораи ҳамкорӣ ва ёрӣ ба якдигар санад ё “протокол” имзо шудааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб моҳи гузашта дар як нишаст дар Чин буд.

Ҳузури Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ҷаласаи Боку дар ҳоле ошкор мешавад, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, эҳтимол ӯ мақомашро аз даст диҳад. Оқои Ғоиб, ки қаблан ба ҳайси раиси Оҷонсии зиддифасод кор кардааст, ду соли қабл раҳбари Хадамоти гумрук таъин шуд.

XS
SM
MD
LG