Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон як узви гурӯҳи террористиро боздошт кард


Узви эҳтимолии гурӯҳи террористӣ
Узви эҳтимолии гурӯҳи террористӣ

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки "дар ҷараёни амалиёти пешгирӣ аз вуруди аъзои як гуруҳи даҳшатафкан ба Қирғизистон, бо барномаи пиёда кардани амалиёти террористӣ", як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст.

КДАМ мегӯяд, ин шаҳрванд соли 2014 ба гурӯҳи байналмилалии террористӣ шомил шуда, омодагии ҷангӣ дид ва дар ҷангҳои Сурия низ иштирок кард.

Ин шаҳрванд, ки номи пуррааш ошкор нашуда ва аз ӯ феълан танҳо Я.У. ном мебаранд, бино ба иттилои КДАМ, бо фармони раҳбарони гуруҳҳои террористӣ ният дошт, дар Қирғизистон "ҷиҳоди мусаллаҳона"-ро ба роҳ монад. Бо ин ҳадаф ӯ барнома дошт, ки дар ин кишвар гурӯҳи террористӣ созмон диҳад.

КДАМ алайҳи ин шаҳрванд бо моддаи "зархаридӣ" парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG