Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо шикаст додани Узбакистон ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт


Мунтахаби футболи Эрон бо шикаст додани Узбакистон бо ҳисоби 2:0, ба Ҷоми ҷаҳонӣ, ки тобистони соли оянда дар Русия баргузор мешавад, роҳ ёфт. Ин бозӣ шаби гузашта дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Голҳои Эронро дар дақиқаҳои 23 ва 89 Сардор Озмун ва Маҳдӣ Торамӣ ба дарвозаи Узбакистон ворид карданд. Акнун дастаи мунтахаби футболи Эрон пас аз тими Бразил, дувумин даста аст, ки ба Ҷоми ҷаҳонӣ дар Русия, роҳ ёфтааст. Ин нахустин бор аст, ки Эрон барои ду давраи пайдарпай ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

XS
SM
MD
LG