Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Муаммар Қаззофиро озод карданд


Сайфулислом Қаззофиро соли 2011 дастгир карданд.

Сайфулислом Қаззофӣ, писари дуввуми Муаммар Қаззофӣ, диктатори собиқи Либияро пас аз 5 соли асорат озод кардаанд. Баталиёни Абубакр ал-Сиддиқ, гурӯҳи шибҳанизомиён дар шаҳри ғарбии Зинтон гуфтанд, ки Сайфулисломро рӯзи 9-уми июн озод карданд.

Ба гуфтаи шибҳанизомиён, писари Қаззофиро бар асоси қонуни афве озод карданд, ки порлумон дар шаҳри Тобрук қабул кард. Айни замон Либия байни манотиқи таҳти назари се ҳукумати бо ҳам рақиб тақсим шудааст.

Додгоҳи Либия соли 2015 Сайфулислом Қаззофиро дар ғайбаш ба қатл маҳкум кард. Ӯ, ки ҳоло 44 сол дорад моҳи ноябри соли 2011 баъди қатли падараш дастгир шуд. Муаммар Қаззофӣ бештар аз 40 сол Либияро идора кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG