Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як марди русе, ки чаҳор нафарро кушт


Акс аз ТАСС
Акс аз ТАСС

Як фарди мусаллаҳ, ки чаҳор нафарро дар рустое дар шаҳри Маскав кушт, зимни тирандозӣ бо маъмурони амниятӣ кушта шудааст. Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 11-уми июн аз қавли Ирина Волк, сухангӯи вазорати умури дохилии Русия навишт, ки “амалиёти вазорат ва горди миллӣ ба поён расид. Фарди мусаллаҳ нобуд карда шуд.”

Ба гуфтаи мақомот, ин фард чанд соат ба маъмурони амниятӣ муқовимат нишон дода ва ба сӯи онҳо норинҷак ҳам партоб кардааст. Намояндагони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ гуфтаанд, ки марди мусаллаҳ бо туфанги шикорӣ рӯзи 10-уми июн аз хонааш дар рустои Кратово дар ноҳияи Раменски ба тирандозӣ шурӯъ кардааст.

Баъд аз ин мақомот ба хонаи ӯ ҳамла бурдаанд, вале ба ӯ муяссар шудааст, ки аз хона фирор карда ва ба маъмурони амниятӣ муқовимат кунад.

XS
SM
MD
LG