Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев Чинро шарики умдаи Қазоқистон номид


Нурсултон Назарбоев ва Си Ҷин Пин
Нурсултон Назарбоев ва Си Ҷин Пин

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи панҷшанбе Чинро шарики умдаи Қазоқистон номид ва гуфт, ки Остона бар сари интиқоли 51 корхонаи саноатӣ аз Чин ба Қазоқистон кор мекунад. Мулоқоти Назарбоев бо Си Ҷин Пин рӯзи 8 июн дар Остона, макони баргузории нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай сурат гирифт.

Назарбоев гуфт, ки " Чин сол то сол ба ҷойгоҳи сазовори худ дар ҷаҳон наздик мешавад ва мо ҳамеша дар паҳлӯи шумо хоҳем буд".

Назарбоев афзуд, ки дар байни ду кишвар масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд надорад ва "Чин дар иқтисод ва сармоягузории мустақим, қарздиҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ба коршарики асосии Қазоқистон табдил ёфтааст". Вай энергетикаро соҳаи меҳварии ҳамкориҳои ду кишвар хонд ва гуфт, ҳоло 25 дарсади нафти Қазоқистонро ширкатҳои чиноӣ истихроҷ мекунанд.

Си Ҷин Пин ба Қазоқистон барои пуштибониаш аз ибтикори тиҷоратии Пекин, таҳти унвони "Як камарбанд – як роҳ", ки моҳи гузашта дар Чин баргузор шуд, изҳори сипос кард ва гуфт, бо он ки дар Қазоқистон меҳмон аст, аммо "эҳсос мекунад, ки дар хонаи худаш аст".

XS
SM
MD
LG