Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон марзшиканҳои ироқиро дар толори додгоҳ раҳо кард


Ироқиҳо дар мурофиаи додгоҳӣ
Ироқиҳо дар мурофиаи додгоҳӣ

Дар додгоҳи вилоятии Ӯши Қирғизистон муҳокимаи чаҳор шаҳрванди Ироқро, ки дар убури ғайриқонунии марз айбдор мешаванд анҷом дод ва онҳоро дар толори додгоҳ озод кард. Дар ин бора рӯзи 7 июн ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдирасулова хабар дод.

Додгоҳ ироқиҳоро дар убури ғайриқонунии марз муҷрим эълон кард, вале бо назардошти будубоши беш аз ҳафтмоҳаи онҳо дар боздоштгоҳ қарор кард, ки озод шаванд. Азиза Абдирасулова мегӯяд, ки шаҳрвандони Ироқ бояд комилан бегуноҳ эълон мешуданд.

Чаҳор шаҳрванди Ироқ моҳи октябри соли гузашта боздошт шуданд. Қозӣ Мансур бо ҳадафи расидан ба Олмон шаҳри Докуҳи Ироқро ҳамроҳ бо ду бародарзодааш тарк кард. Дар шаҳри Истамбули Туркия миёнаравон ба ду ҳамроҳи Қозӣ Мансур шиносномаҳои литвонӣ омода карда, онҳоро ба шаҳри Ӯш фиристоданд. Аз Ӯш онҳо мебоист ба Москва парвоз карда ва аз он ҷо ба Олмон мерафтанд. Дар Москва ба дасти пулис афтоданд ва бозпас ба Ӯш фиристода шуданд.

Дар Ӯш нисбати ироқиҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, додгоҳи шаҳрӣ ҳар кадоми онҳоро 10 ҳазор сомӣ (муодили 1000 сомонӣ) ҷарима баст. Айбдоркунандаи давлатӣ аз болои қарори додгоҳ шикоят бурд ва дар натиҷа додгоҳи вилоятии Ӯш шаҳрвандони Ироқро зиндонӣ кард.

Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳи вилоятии Ӯшро бекор ва парвандаро барои бозбинӣ ба зинаи поёнии додгоҳ фиристод.

XS
SM
MD
LG