Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: Дар таркиши Кобул беш аз 150 нафар кушта шуданд


Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон (дар байн)

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки дар инфиҷори рӯзи 31-уми май шаҳри Кобул беш аз 150 нафар кушта шуданд. Ашраф Ғанӣ рӯзи 6-уми июн дар нишасти сулҳи Кобул дар ин бора хабар дод ва гуфт, "300 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурда шуданд".

Қаблан мақомоти Афғонистон теъдоди кушташудаҳои ин ҳамларо 90 нафар гуфтанд, ки баъд аз саркӯби режими Толибон дар соли 2001 ҳамлаи пурқурбонитарин дар Афғонистон будааст. Ин таркиш рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар минтақаи дипломатии Кобул, дар наздикии бинои сафорати Олмон, ба вуқӯъ пайваст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, дар ин ҳамла аз маводи таркандае истифода шудааст, ки дар ихтиёри ҳарбиёни кишвараш қарор дошт. "Ҳадафи ягонаи ин ҳамла мо набудем, ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ҳадаф буданд", - афзуд ӯ.

То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо мақомоти афғон созмони Ҳаққонӣ дар Покистонро, ки аз муттаҳидони ҷунбиши Толибон ба шумор меравад, дар ин кор айбдор намуданд.

Баъдан ин таркиш боис ба эътирози бархе аз сокинон бо талаби истеъфои раҳбарияти Афғонистон шуд.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG