Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин Раббонӣ ба истеъфои мақомоти амният даъват кард


Салоҳиддин Раббонӣ - Вазири умури хориҷии Афғонистон
Салоҳиддин Раббонӣ - Вазири умури хориҷии Афғонистон

Вазири умури хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ба думболи силсилаи ҳамлаҳои маргбор дар Афғонистон, ба истеъфои мақомоти баландпояи амниятӣ даъват кард.

Раббонӣ, ки рӯзи 5 июн дар нишасти матбуотии Кобул сӯҳбат мекард гуфт, ки ҳамлаҳои ҳафтаи ахир, бо беш аз 600 куштаву захмӣ, тавонмандии сохторҳои амниятиро зери суол мебарад.

Рӯзи 31 май бар асари таркиши шадид дар Кобул дастикам 90 нафар кушта ва 460 нафар захмӣ шуд. Задухурди пулис бо тазоҳургарон рӯзи 2 июн бо ҳалокати дастикам 5 нафар анҷомид ва рӯзи 3 июн таркиш дар маросими ҷанозаи қурбониёни инфиҷори аввал ҷони дастикам 7 нафарро гирифт ва наздик ба 100 нафарро маҷрӯҳ кард.

Салоҳиддин Раббонӣ, ки ба ҷиноҳи сиёсии "Ҷамоати Исломӣ", иборат аз тоҷикони Афғонистон, раҳбарӣ мекунад, дар он маросими ҷаноза иштирок дошт, аммо осеб надид. Ба гуфтаи Раббонӣ дар паси ин ҳамла унсурҳои ҳукуматӣ қарор доранд.

Вазири умури хориҷии Афғонистон ба истеъфои Мушовири Амнияти Миллӣ Ҳаниф Атмар, вазири умури дохилӣ генерал Тоҷ Муҳаммад Ҷоҳид, вазири дифо Тариқ Шоҳ Баҳромӣ ва раҳбари истихборот Маъсум Станекзай даъват кард.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло, баъди интихоботи баҳсбарангези соли 2014 бо миёнҷигии Вашингтон таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG