Пайвандҳои дастрасӣ

Тирпарронӣ дар Орландои Флорида - якчанд нафар кушта шуд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҳифзи тартиботи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯянд, ки субҳи имрӯз тирпарронӣ дар минтақаи саноатии наздик ба шаҳри Орландои аёлати Флорида якчанд нафарро қурбон кардааст.

Департаменти пулис дар ҳавзае, ки Орландо ба он шомил аст, рӯзи 5 июн дар Твиттер навишт, ки вазъ таҳти назорат аст.

Идораи пулис ҳамчунин мегӯяд, ки якчанд кӯчаи Орландо масдуд шуда, пулис дар ҷойи ҳодиса кор мекунад.

Моҳи июни соли 2016, Орландо шоҳиди тирпарронии пурқурбонии як ҳамлагар буд, ки ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароҳо ҳуҷум кард ва 49 нафарро кушта ба ҷой гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG