Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як падареро дастгир кардааст, ки дӯстдоштаи духтарашро дар саҳни ҳавлӣ баста, латукӯб ва ғорат кардааст. Вазорат рӯзи 5-уми июн хабар дод, ки ҷавони 25-сола аз ноҳияи Вахш рӯзи 19-уми апрел ба сабаби муносибати ошиқона доштанаш бо ҷавондухтари 22-солаи сокини ноҳия ба назди ӯ рафтааст.
Ба гуфтаи вазорат, падари духтар, марди 46-сола аз ин муносибат воқиф шуда, ҳамроҳи як ҷавони 25-солаи дигар, дӯстдоштаи духатарашро “дар симчӯби саҳни ҳавлиашон баста, лату кӯб намуда, 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як телефони “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд.“ Вазорат мегӯяд, ҳарду нафарро бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир кардаанд.