Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як "маргталаб" дар шаҳри Кобул


Пулиси Кобул дар назди маҳалли таркиш дар рӯзи 3-ум июн
Пулиси Кобул дар назди маҳалли таркиш дар рӯзи 3-ум июн

Раёсати амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, мақомоти интизомӣ як нафарро дастгир карданд, ки мехост, зимни маросими дафни як тазоҳургари зидди давлатӣ ҳамлаи маргталабона анҷом бидиҳад.

Рӯзи 3 -уми июн се маргталаб худро дар маросими ҷанозаи Салим Эзадёр, писари як вакили мардумии афғон ва як тазоҳургар тарконданд ва ҳафт нафарро куштанд. Тазоҳуроти маргбор баъди ҳамлаи 31-уми май сурат гирифт ва дар ҷараёни он 5 нафар кушта шуданд.

Дар охири моҳи май дар натиҷаи бомбгузорӣ дар яке аз маҳаллаҳои марказии Кобул 90 кушта шуданд ва 460 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди онки пулиси Кобул бисёре аз роҳҳои шаҳрро баст, баъзе аз тазоҳургарон дар наздикии маҳаллии таркиш тазоҳуроти осоиштаро идома доданд. Онҳо мегӯянд, ҳукумати ваҳдати миллӣ қодир ба пешгирӣ аз ҳамлаҳои тундравон нест ва бояд истеъфо бидиҳад.

XS
SM
MD
LG