Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милал аз хуруҷи вабо дар Яман хабар дод


Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки дар Яман бемории вабо хуруҷ кардаааст ва рӯзона тахминан аз 3 то 5 ҳазор мавриди эҳтимоли гирифторӣ ба беморӣ сабт мешавад. Гирт Каппелер, мудири бахши Ховари Миёна дар ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ, рӯзи шанбе дар суҳбат бо “Ассошиайтед Пресс” гуфтааст, ки моҳи гузашта дар Яман ҳафтод ҳазор мубталои вабо сабт шуданд.

Мақомоти Санъо, пойтахти Яман, рӯзи 14-уми майи имсол ҳолати фавқулода эълон карда ва хостори кумакҳои байналмилалӣ шуданд. Гирт Каппелер гуфт, аз миёни 22 ноҳияи Яман ин вабо дар 19 ноҳия, ки аз ҷанги дохилии сесола азият мекашанд, хуруҷ кардааст.

Каппелер ҳушдор дод, ки дар сурати саривақт нарасидани кумакҳо ин беморӣ афзуда, тамоми қаламрави Яманро фаро хоҳад гирифт. “Ин вазъ боиси афсӯс аст, аммо умед дорем, ки хуруҷи вабо таваҷҷуҳро ба вазъи Яман ҷалб кунад”, - гуфт ӯ ва афзуд, “Яман яке аз ҷойҳои бадтарини дунё барои кӯдакон аст.”

Санъо, пойтахти Яман ҳоло таҳти назорати шиаҳои ҳусист, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд. Дар ин ҷанги сесола дар Яман беш аз даҳ ҳазор нафар кушта ва миллионҳо тан беҷо шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG