Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 50 "ҷонибдори Гюлен" дар Туркманистон


Зиндоне дар шаҳри Туркманбошӣ
Зиндоне дар шаҳри Туркманбошӣ

Мақомоти Туркманистон дар тӯли як моҳ беш аз 50 нафрро бо гумони ҳамдастӣ дар "ҳаракати Гюлен" боздошт карданд.

Ниҳодҳои қудратии Туркманистон хабар меҳиданд, ки шаби 23 апрел дар шаҳраки Остона Бобои вилояти Лебаб рейди густарда анҷом шуд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳамаи боздоштшудаҳо муҳассилин ва омӯзгорони пешини литсейҳои туркӣ буданд. "Соати 10 шаб мақомоти қудратӣ ба хобгоҳи омӯзгорон даромаданд. Он шаб ҳафт омӯзгор ва се меҳмон боздошт шуд. Рӯзи дигар боз ду нафар омӯзгор ва чаҳор корманди маркази таълимии шаҳри Атамират боздошт шуд", - хабар медиҳад як манбаъ аз мақомот.

Манобеи дигар низ ин хабарро тасдиқ мекунанд. Ба ин тартиб, сар аз 23 апрел, дар давоми як моҳ дар Лебаб силсилаи боздошти "гюлениҳо" идома кард. Сарчашмаҳо мегӯянд, ин навбат соҳибкорон ва сокинони соҳибнуфуз, ки ба муассисаҳои таълимии туркиву туркманӣ рабте доштанд, боздошт шуданд.

Дар бораи боздошти "гюлениҳо" дар Туркманистон бори аввал моҳи октябри соли гузашта хабар расид. Дар қадами аввал тоҷирони маъруф боздошт шуданд. Он замон аз боздошти 150 нафар хабар дода мешуд. Бархеҳо озод ва бархеи дигар ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG