Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи эронӣ дар Мавсили Ироқ кушта шудааст


Шаъбон Насирӣ
Шаъбон Насирӣ

Бино ба гузориши хабаргузории расмии Эрон, Шаъбон Насирӣ – фармондеҳи сипоҳи посдорон – рӯзи ҷумъа дар даргирӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст.

Хабаргузории ИРНА гуфт, ки ин фармондеҳ собиқаи тӯлонии ҳузур дар Сурияро низ дошт.

Ба иттилои манбаъ, Шаъбон Насирӣ дар ҷанги ҳаштсола миёни Эрону Ироқ иштирок кардааст. То кунун теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз нирӯҳои Эрон дар набардҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG