Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнкер: Лаҳни Трамп дар робита ба Олмон тунд набуд


Ангела Меркел, Доналд Трамп ва Йенс Столтенберг қабл аз оғози нишасти НАТО дар Белгия. 25 майи соли 2017
Ангела Меркел, Доналд Трамп ва Йенс Столтенберг қабл аз оғози нишасти НАТО дар Белгия. 25 майи соли 2017

Раҳбари Камиссиюни Аврпуо Жан-Клод Юнкер гузоришҳои матбуотиро рад кард, ки мегӯянд, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар нишасти Брюссел, рӯзи 25 май сиёсати тиҷоратии Олмонро хашмгинона танқид кард.

Матбоути Олмон навишт, ки Трамп сиёсати Берлинро "бисёр бад" хонд ва аломат дод, ки фурӯши мошинҳои олмониро дар бозори Амрико маҳдуд мекунад.

"Ӯ нагуфт, ки рафтори олмониҳо бад аст"- гуфт Юнкер дар Ситсилия, дар остонаи нишасти гурӯҳи G7, ки сарони ИМА, Олмон, Фаронса, Британия, Италия, Ҷопон ва Канадаро баҳам меорад.

Юнкер гузоришҳои матбуотиро "иғроқомез" унвон кард ва гуфт, иддаое, ки дар гуфтугӯҳо гӯё лаҳни Трамп дар робита ба Олмон тунд буд, воқеият надорад.

XS
SM
MD
LG