Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарон Азимовҳо ба терроризм ва нигаҳдории силоҳ айбдор шуданд


Акрам Азимов
Акрам Азимов

Кумитаи тафтишотии Русия зидди шаҳрвандони Қирғизистон – бародарон Акраму Аброр Азимовҳо дар доираи парвандаи теракти метрои Санкт-Петербург бо ҷурми терроризм ва нигаҳдории силоҳ айб эълон кард. Пештар муфаттишон Акрамро созмондиҳандаи теракти 3 апрел дар метрои Санкт-Петербург номиданд, ки 15 кушта бар ҷой гузошт. "Зидди зерҳимояҳои ман бар пояи бандҳои 205 (терроризм) ва 222 (нигаҳдории силоҳу маводи тарканда) -и Кодекси ҷиноии Русия айб эълон шуд", - гуфт вакили дифои бародарон Азимовҳо Дмитрий Динзе.

Ин шаҳрвандони Қирғизистон дар ноҳияи Одинтсово ва шаҳри Москва боздошт шуданд. Акрам Азимов даст доштани худро дар теракт рад мекунад. Модари Азимовҳо низ гуфт, ки фарзандони ӯ дар ин ҳамлаи террористӣ даст надоранд ва Акрамро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз беморхона рабуданд.

Вале муфаттишон иддао доранд, ки бародари хурдӣ Аброр Азимов бо маргталаби эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилов дар тамос буд ва барои созмон додани теракт пул ҷамъ мекард. Ба гуфтаи онҳо, бародари калонӣ Акрам Азимов бо "сохтакории ҳуҷҷатҳои аъзои созмони байналмилалии даҳшатафкан барои вуруд ба Русия машғул буд".

Бародарон Азимовҳо баъди боздошт аз ҳаққи шаҳрвандии Русия низ маҳрум шуданд, ки соли 2013 дар шаҳри Перм дарёфт карда буданд. Намояндаҳои Вазорати умури дохилии Русия дар додгоҳ тавонистанд, исбот кунанд, ки волидайни Азимовҳо ҳангоми гирифтани шаҳрвандии ин кишвар дар бораи худ маълумоти дурӯғ пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG