Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Британия табодули иттилои таркиши Манчесерро бо ИМА қатъ кард


Акси пораҳои эҳтимолии бомба, ки нашрияи The New York Times чоп кард

Пулиси Британия аз табодули иттилои амалиёти террористӣ дар Манчестер бо Ийолоти Муттаҳида худдорӣ мекунад. Ин вокуниши Лондон ба пахши акси пораи бомбаи таркида дар Манчестер Арена буд, ки онро нашрияи New York Times пахш кард.

Дар акс пораҳои детонатор, батарея, ҷузвҳои харобиовар ва пораи борхалта мушоҳида мешавад, ки бомбаро дар он ҷой дода буданд. New York Times ҳамчунин баъзе маълумоти хадамоти истихборотии Британияро нашр кард. Ҷониби Амрико ин аксҳоро, қабл аз он ки худи Британия онҳоро расонаӣ кунад, ба New York Times дод.

Ҷуъиёти ҳодисаи Манчестер Арена масалан, теъдоди қурбониён, шеваи татбиқи ин амали террористӣ ва ҳамчунин исми гумонбари аслиии ҳодисаро, ҷаҳон аз мақомоти Амрико тавассути шабакаи телевизионии CNN дарёфт кард. Дар Лондон мегӯянд, ки пахши ин маълумот ба ҷараёни тафтиши қазия халал мерасонад.

Амали террористӣ дар Манчестер 22 май пиёда шуд. Ҳамлагари интиҳорӣ бомбаро дар вақти консерти ситораи попи амрико Ариана Гранде тарконд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Дар ин ҳодиса 22 нафар кушта ва 59 нафар захм бардошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG