Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ ва Аморати Араб ба бунёди духтари Трамп $100 миллион медиҳанд


Доналд Трамп бо духтараш Иванка
Доналд Трамп бо духтараш Иванка

Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба фонди занони соҳбкори Ховари Миёна, ки онро Иванка, духтари президенти Амрико Доналд Трамп моҳи апрел таъсис дод, наздик ба 100 миллион доллар медиҳанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 22 май гузориш дод.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Трамп рақибаш Ҳиллари Клинтонро интиқод мекард, ки барои бунёдаш аз кишварҳое нақзкунандаи ҳуқуқи иинсон кӯмаки молӣ мегирад. Трамп дар чунин мавридҳо аз Арабистони Саудӣ ёдовар мешуд ва Риёдро барои нақзи ҳуқуқи занон ва ҳамҷинсгароҳо танқид мекард.

Рӯзи 20 май Доналд Трамп аввалин силсилаи сафарҳояш ба хориҷи кишварро аз Арабистони Саудӣ оғоз кард. Ӯ дар онҷо ба маблиғаи 110 миллиард доллар қарордод баст. Трамп дар саммити кишварҳои мусалмонӣ суханронӣ кард ва аз таъсиси "эътилофи миллӣ"-и зидди террористҳо дар Ховари Миёна хабар дод.

XS
SM
MD
LG