Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасан Рӯҳонӣ


Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Рӯҳонӣ. Моҳи сентябри соли 2014
Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Рӯҳонӣ. Моҳи сентябри соли 2014

Раҳбарияти Тоҷикистон омодагии худро барои боло бурдани мизони ҳамкорӣ бо Эрон дар даври дувуми раёсати Ҳасан Рӯҳонӣ эълон кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми май, пас аз пирӯзии Рӯҳонӣ дар интихобот, дар як номаи вижа ӯро табрик карда ва гуфт, "итминон дорам, бо саъю кӯшиши содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт". Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин кор бо риояи усули "якдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар" имконпазир хоҳад буд. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 20-уми май пирӯзи интихобот эълон шуд ва барои чаҳор соли дигар дар сари қудрат дар Эрон хоҳад монд. Дар даври аввали раёсати ӯ равобити миёни Тоҷикистону Эрон, ба қавли коршиносон, ба поинтарин сатҳ дар ду даҳаи охир фаромад. Дар гузашта Эрон ба панҷгонаи шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ворид мешуд. Вале таърихчаи равобити миёни Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир бештар ба сард шудани равобити ду кишвар ва эҳсоси ранҷиши Душанбе аз Теҳронро намоиш медиҳад. ​Маншаи инро дар меҳмондории Муҳиддин Кабирӣ дар Теҳрон дар моҳи декабри оли 2015 медонанд, ки ду моҳ баъди мамнӯъ ва террористӣ эълон шудани Ҳизби назати исломӣ дар Тоҷикистон иттифоқ афтод.

XS
SM
MD
LG