Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ройтерз: 18 мавриди тамоси тими Трамп бо Русия сабт шудааст


Хабаргузории Ройтерс гузориш дод, ки мушовирони маъракаи интихоботии президент Доналд Трамп дар ҷараёни 7 моҳи таблиғотӣ соли гузашта дар ҳадди аққал 18 маврид бо мақомоти Русия ва дигар нафарон дар Кремлин аз роҳи телефону алоқаи электронӣ дар тамос будаанд.

Бо такя ба мақомоти амалкунанда ва собиқи ИМА, ки исмашон бурда намешавад, хабаргузории Ройтерс рӯзи 18 май гуфт, ки ин маълумоти дар гузашта ошкорнашуда дар ҷараёни таҳқиқоти ахир маълум шудааст.

Таҳқиқот иртиботи эҳтимолии тими таблиғотии Трамп бо Русияро мавриди санҷиш қарор додааст. Бюрои федеролии таҳқиқот ва Конгресс аз рӯи ин иттиҳомот таҳқиқоти ҷудогонаи худро ба роҳ мондаанд. Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки собиқ раиси Бюрои федеролии таҳқиқот Роберт Мюллер ба ҳайси мушовири вижаи ин таҳқиқот таъйин шудааст.

Айни замон, даъватҳо ба анҷоми як тафтишоти мустақилу бетарафонаи нақши эҳтимолии Русия дар ҷараёни интихоботи президентӣ баландтар садо медиҳанд. Интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА рӯзи 8 ноябри соли 2016 бо пирӯзии номзади ҷумҳурихоҳҳо анҷомид ва шубҳае дар сангари демократҳо эҷод кард, ки гуфтаанд, дар ин маърака мудохилаи русҳо сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG