Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори заҳролудшудаҳо аз яхмос дар Андиҷон ба 1,5 ҳазор расид


Дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбакистон дар маҷмуъ 1,5 ҳазор одам аз яхмос заҳролуд шудааст. Дар ҳоли ҳозир садҳо одам бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар бемористони Шаҳрихон бистарӣ ҳастанд. Табибон мегӯянд, 200 заҳролудшуда табобат мегиранд ва 5 нафари дигар дар шуъбаи эҳё бистарӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи сокинон, чандин тани дигар дар беморхонаҳои мухталиф бистарӣ ҳастанд. Мақомоти вилояти Андиҷон мегӯянд, ҳамаи заҳролудшудаҳо аз қаҳвахонаи "Макс" дар маркази Шаҳрихон яхмос истеъмол кардаанд. Пештар аз ин як ҳайати табибон бо роҳбарии муовини вазири тандурустии Узбакистон барои санҷидани вазъ аз Тошканд ба Андиҷон омада буданд.

XS
SM
MD
LG