Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар бинои телевизиони давлатии Афғонистон


Сарборзони амниятии Афғонистон дар Ҷалолобод. 17-уми майи соли 2017
Сарборзони амниятии Афғонистон дар Ҷалолобод. 17-уми майи соли 2017

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ба дунболи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба бинои шабакаи давлатии Радио ва Телевизиони Афғонистон дар шаҳри Ҷалолобод тирпарронӣ ҷараён гирифт ва гуфта мешавад, ки даргириҳо ҳоло низ идома доранд.

Аттоуллоҳ Хокиёнӣ, сухангӯи ҳокими вилояти Нангарҳор, рӯзи 17-уми май гуфт, якчанд ҳамлагар ба бинои Радио ва Телевизион ворид шуданд. Ба қавли ӯ, тирпарронӣ дар дохили бино, ки дар наздикии идораи волӣ ҷойгир аст, идома дорад.

Гуфта мешавад, ду ҳамлагар худро мунфаҷир карда ва ҳамлагари сеюм тирпаррониро идома додааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, якчанд корманди радио ва телевизиони Афғонистон дар дохили бино дармондаанд.

Маълум нест, ки дар паси ҳамла ба маркази маъмурии Нангарҳор кадом гурӯҳи мусаллаҳ қарор дорад. Ҳамла ба Ҷалолобод ҳамзамон бо ҳуҷумҳои баҳории Толибон дар саросари Афғонистон оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG