Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии садҳо сокини Андиҷон аз яхмос


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбакистон 15 май садҳо одам баъди заҳролудшавӣ аз яхмос ба бемористон муроҷиат карданд. Мақомот хабар медиҳанд, ки одамон аз "яхмоси дастсоз" заҳролуд шудаанд.

Бахши тандурустии вилояти Андиҷон мегӯяд, ҳадди ақал дар 300 сокин нишонаҳои заҳролудшавӣ аз яхмос ошкор шуд. Аммо сокинон бовар доранд, ки шумори заҳролудшудаҳо ба 600 нафар мерасад. "То нимаи дувуми рӯзи сешанбе дар бемористон 182 сокин таҳти назорати пизишкон буданд", - мегӯяд як мақомдори маҳаллӣ.

Соҳибкоре бо номи Икромҷон аз ноҳияи Шаҳрихон гуфт, шаҳрро овозаҳо фаро гирифтаанд. Ба гуфтаи мардум, чанд нафар аз заҳролудшавӣ фавтидаанд. "Беморхонаи марказӣ аз заҳролудшудаҳо пур аст. Ҳокими вилоят ҳамроҳ бо намояндаҳои Тошканд дар бинои ҳукумат ситод ташкил кардааст", - гуфт соҳибкор.

Аммо мақомот ин овозаҳоро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳодисаи фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст ва авзоъ муътадил аст.

Дар ҳар сурат, ба вилоят аз вазорати тандурустии ин кишвар намоянда омадааст. Мақомоти маҳаллӣ назорати таҳия ва фурӯши яхмосро пурзур карданд.

XS
SM
MD
LG