Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси вазъияти Афғонистон дар суҳбати Э.Раҳмон бо Станикзай


Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Маъсум Станикзай

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – бо раиси идораи амнияти миллии Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станикзай мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти раёсати президенти Тоҷикистон гуфт, ин мулоқот рӯзи 17-уми май дар Душанбе сурат гирифта, ду тараф дар бораи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими марз гуфтугӯ намуданд. Сафари Станикзай дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран вазъият дар минтақаҳои шимоли Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, ноором шудааст ва даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни Толибон идома дорад. Нерӯҳои ҳукуматӣ тайи як ҳафтаи ахир тавонистанд, ки минтақаи Зебок дар Бадахшон ва Қалъаи Зол дар Кундузро аз чанги Толибон озод созанд. Дар ҳоли ҳозир чандин минтақаи дигар дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар ихтиёри ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон қарор доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG