Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон санади ҳамкорӣ бо гумруки Узбакистонро тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор тарҳи протокол ё санади ҳамкории хадамотҳои гумруки Тоҷикистон ва Узбакистонро тасдиқ кардааст. Ин санад дарвозаро барои тоҷирони ду кишвари ҳамсоя, ки гардиши мол дар миёнашон тайи даҳсолаи охир сахт маҳдуд шуда, маблағи ночизеро ташкил медод, боз мекунад. Ҳукумат дар ин қарор, ки охири моҳи апрели имсол тасдиқ ва тоза датсраси расонаҳо шуд, тарзу усули ҳамкории хадамотҳои гумруки ду кишвар ва табодули иттилоъ дар мавриди додугирифтро муайян кардааст. Бар тибқи ин санад, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, дар мувофиқа бо ҷониби Узбакистон протоколи мазкурро бидуни ворид намудани ислоҳоти ҷиддӣ тасдиқ кунанд. Бо имзо шудани ин санад миёни хадамотҳои гумруки Тоҷикистону Узбакистон заминаи ҳуқуқии табодули молу коло тахту ҳамвор мешавад. Хадамотҳои гумруки ду ҷониб бар асоси ин протокол дар мавриди убуру мурури моло коло аз қаламрави якдигар табодули иттилоъ хоҳанд кард. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд.

XS
SM
MD
LG