Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия назорати мусофирони ҳавопаймоҳоро аз Белорус ҳатмӣ кард


Дар Русия сар аз 15 май шаҳрвандони кишварҳои севум, ки аз Белорус меоянд, ё ба он парвоз мекунанд, аз назорати марзӣ хоҳанд гузашт. Ба иттилои РИА Новости, парвозҳо миёни ду кишвар низ ба воситаи бахшҳои байналмилалии фурудгоҳҳои Русия анҷом мешаванд.

Ин қоидаи нав ба шаҳрвандони Русия ва Белорус, ки талонҳои нишастро ҳифз кардаанд, дахл нахоҳад дошт. Дар Минск мегӯянд, мусофирони парвозҳои дохилӣ миёни Русия ва Белорус аз назорати марзӣ намегузаранд. Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников 1 феврал дастур дод, ки дар марзи кишвараш бо Белорус минтақаҳои сарҳадӣ ташкил карда шавад.

Мақомоти Русия он замон гуфтанд, ки иқдоми мазкур ба равуои шаҳрвандони ду кишвар таъсире нахоҳад расонд. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Белорус 9 январ ба шаҳрвандони 80 кишвар, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва ИМА иҷозат дод, то бидуни виза барои то 5 шабонарӯз ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG