Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии масъалаи масҷид ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май бо Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, ҳамтои қатарии худ ҳамкориҳо байни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорат хабар дод, ки дар “ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд” ва доир ба роҳҳои иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарияти ду кишвар дар рафти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар дар аввали сол ҳосил шуд, табодули назар кардаанд.

Зоҳиран масъалаи бунёди масҷиди азим дар шаҳри Душанбе, ки бо сармояи Қатар бунёд мешавад, яке аз мавзӯҳои сӯҳбат будааст. Бунёди масҷид дар маркази шаҳр соли 2009 шурӯъ шуд, вале то ҳол ба анҷом нарасидааст. Аввали сол баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар, мақомот гуфтанд, ки мумкин аст, сохтмони масҷид соли 2018 такмил шавад.

Хароҷот барои масҷид дар он замон 100 миллион доллар пешбинӣ шуд ва қарор буд, бештар аз 70 миллион доллари онро Қатар бидиҳад. Ин масҷид дар сурати такмил бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ мешавад. Он 4 манораи 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа хоҳад дошт. Ба гуфтаи меъморонаш, дар толору айвонҳои он 50 ҳазор нафар дар як вақт намоз гузошта метавонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG