Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Озарбойҷон сомонаи Радиои Озодиро баст


Додгоҳи Сабалӣ дар Боку сомонаи бахши Озарии радиои Озодиро масдуд кард. 12 майи соли 2017
Додгоҳи Сабалӣ дар Боку сомонаи бахши Озарии радиои Озодиро масдуд кард. 12 майи соли 2017

Додгоҳе дар Озарбойҷон амр кард, ки якчанд сомонаи мустақил, бо шумули сомонаи бахши Озарии Радиои Озодӣ дар қаламрави ин кишвар масдуд шавад.

Додгоҳи минтақавии Собалии Боку рӯзи 12 амр кард, ки дархости Вазорати нақлиёт, мухобирот ва текноложиҳои пешрафта, дар робита ба бастани ин сомонаҳо иҷро шавад.

Дар баробари сомонаи бахши Озарии Радиои Озодӣ, амри додгоҳ ҳамчунин ба нашрияи мухолифин - "Озодӣ, "Майдон ТВ" ва ду барномаи телевизионии дигар таъсир мекунад.

Дастрасӣ ба ин сомонаҳоро Вазорат сар аз 27 март бо дастури Додситониии кулл маҳдуд кард, ки онҳоро "таҳдид ба амнияти миллӣ"-и Озарбойҷон хондааст.

Бастани сомонаҳо баъди он шурӯъ шуд, ки бахши Озарии Радиои Озодӣ маводи таҳқиқотиро дар бораи фаъолиятҳои молие нашр кард, ки ба хонаводаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ва атрофиёни ӯ рабт мегирифт.

Гузориши таҳқиқотиро Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ якҷо бо тарҳи Ҷинотятҳои Созмонёфта ва Фасодкорӣ, мақари он дар Сараево таҳия карданд.

XS
SM
MD
LG