Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ниҳоии довталабони курсии раёсати Эрон қабл аз интихобот


Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон
Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон

Шаш номзади курсии раёсати ҷумҳури Эрон қабл аз баргузории интихобот дар таърихи 19 май, вориди баҳси ниҳоӣ шуданд. Телевизиони Эрон баҳси номзадҳоро ба таври мустақим пахш кард.

Раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ барои як даври дигари раёсати чаҳорсола ворид набард шудааст. Ду рақиби аслии ӯ дар интихобот, Ироҳим Раисӣ ва мири Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолибоф аз сиёсатҳои иқтисодии раиси ҷумҳури феълӣ интиқод мекунанд.

Рӯҳонӣ бо ҳимоят аз дастовардҳои иқтисодиаш рақибонашро ба ин муттаҳам кард, ки бо ваъдаҳои ғайривоқеӣ домони райъдиҳандаро бо чормағзи пуч пур мекунанд.

Мақомоти Эрон дар ибтидо эълон карданд, ки баҳсҳо бо сабти пешакӣ пахш мешаванд, аммо баъди танқидҳои зиёд Кумитаи назорат ба интихобот тасмим гирифт, ки мунозираҳо мустақиман пахш шаванд.

Авоили ҳафтаи равон Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ аз ҳамагуна кӯшиши халолдор кардани райъдиҳӣ ҳушдор дод.

Ӯ ҳамчунин ба номзадҳоро ҳушдор дод, ки аз рафтори ғариахлоқӣ ва ё шеваи гуфторе худдорӣ кунанд, ки "душманонро шод мекунад."

XS
SM
MD
LG