Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия даҳҳо нафарро дар қазияи бозори саҳҳоми Истамбул боздошт кард


Дӯкони мубодилаи асъор дар маркази Истамбул
Дӯкони мубодилаи асъор дар маркази Истамбул

Мақомоти Туркия даҳҳо нафарро дар чаҳорчӯби таҳқиқи қазияи бозори саҳҳоми Истамбул боздошт карданд.

Хабаргузории Anadolu рӯзи 12 май гуфт, ки дар маҷмуъ 57 нафар, дар шаш вилоят бо гумони робитаи онҳо бо рӯҳонии шинохтаи турк Фатҳулло Гулен боздошт шуданд.

Қаблан нашрияи "Habertuk" навишт, ки боздоштшудаҳо кормандони собиқи бозори саҳҳоми Истмбул буданд, ки ба думболи кӯшиши табаддулоти моҳи июли соли гузашта алайҳи президент Эрдуғон, мақомҳои худро аз даст доданд.

Анқара Гуленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, барномарези табаддулот эълон кард ва талаб дорад, ки Амрико ӯро ба Туркия истирдод кунад.

Аз замони кӯшиши табаддулот мақомоти Туркия даҳҳо ҳазор нафарро расман боздошт карда, фаъолияти 140 000 корманди давлатӣ, ходимони амният ва донишмандонро ё масдуд кард ва ё онҳоро аз кор ронд.

Эрдуғон, ки моҳи гузашта салоҳияти худро тавассути назархоҳии умумӣ таҳким дод, барои мулоқот бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп омодагӣ мегирад. Раисони ҷумҳур рӯзи 16 май дар Вашингтон дидору гуфтугӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG