Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрико аз ҳузури низомии Русия дар ҳавзаи назди Балтик


Генерал Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико аз афзоиши ҳузури низомии Русия дар марзҳои кишварҳои соҳили назди Балтик интиқод карда ва онро "бесуботкунанда" хондааст. Вазири дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 11 май дар як нишасти муштараки матбуотӣ бо раиси ҷумҳури Литва дар Вилнюс гуфтааст, ки "мо медонем ва русҳо ҳам медонанд, ки дар Литва ё дигар кишварҳои демократӣ ҳеҷ таҳдиде барои онҳо аз ҷониби мо вуҷуд надорад."

Соли гузашта Русия мушакҳое бо номи "Искандар"-ро ба як пойгоҳи низомиаш дар соҳили назди Балтик байни Литва ва Лаҳистон мунтақил кард. Пайваст кардани нимҷазираи Қрими Украина ба Русия, ҷобаҷо кардани нерӯҳо дар марзҳои шарқии НАТО ҳимоят аз ҳукумати Башор Асад, аз ҷумла интиқодҳои Ғарб аз Маскав аст. Дар муқобил Русия ҳам аз ҳамлаи мушакии Амрико дар Сурия ва размоишҳои низомии Амрико бо кишварҳои НАТО, ибрози нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG