Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав қатли полковники истихборот дар Сурияро рад кард


Куштор дар Сурия. Акс аз богонӣ

Вазорати дифои Русия қатли афсари русро, ки ба гуфтаи SITE Intelligence Group ҷангиёни ДИИШ сари ӯро дар Сурия аз танаш ҷудо карданд, рад мекунад.

Дар изҳороти матбуотии Вазорати дифоъ, ки хабаргузории ТАСС рӯзи 9 май пахш кард, гуфта мешавад, ки сарбозони рус дар қаламрави Сурия зиндаву саломат буда, вазифаи ҳарбии худро иҷро мекунанд".

Дар хабари SITE Intelligence Group нафареро, ки ҷангиёни ДИИШ дар биёбон сар буриданд, сарҳанги истихбороти рус муаррифӣ мешавад. Навор дар минтақаи Раққа бардошта шудааст, ки таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" қарор дорад. Хабаргузории Reuters мегӯяд, дар навор марде, ки либоси сиёҳ дорад, дар бораи фаъолияти худ дар хадамоти махсуси Русия нақл мекунад.

Дурустии ин навор ва ҳуввияти марди кушташуда мушаххас нест. Навор ба забони русӣ садо медиҳад ва дар он ДИИШ Русия ва президент Путинро бо амалҳои террористии нав таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG