Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ ба муҳофизакорон гуфт, ки "даврони онҳо ба поён расид"


Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва довталаби боз як даври дигари раёсат, рақибони муҳофизакораш дар корзори интихоботиро танқид кард ва гуфт, ки "давраи зуроварӣ ва тундравӣ"-и онҳо ба охир мерасад. Дар ин бора хабаргузории ИСНА рӯзи 8 май гузориш дод. Рӯҳонӣ ҳоло маъракаи интихоботиашро дар қисмати ғарбии Эрон пеш мебарад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи 19 май баргузор мешавад. Тарафдорони сиёсати зур ё хашин Рӯҳониро танқид мекунанд ва мегӯянд, созишномаи ҳастаӣ, ки ӯ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 имзо кард, фоидаи иқтисодӣ ба бор наовард. Рӯҳони ҳушдор дод, ки интихоби рақибони ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳур худкомагиро дар кишвар тавсеа медиҳад.

XS
SM
MD
LG