Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Исматуллоев муовини Озода Раҳмон шуд.


Рӯзи 8 май дар бархе аз ниҳодҳо ва идораҳои кишвар, аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ, вазорати дифоъ ва Кумитаи радио ва телевизион, тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсти ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла бо амри президенти Тоҷикистон, Дилшод Исматуллоев -- муовини раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шудааст. Ба пояи ин амрҳо ҳамчунин Абдуҷаббор Сатторзода -- сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент, Бобишо Холов -- сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Барно Саидвализода - сардори Раёсати ҳуқуқ, Ҳусейн Давлатзода - сардори Раёсати коргузорӣ ва назорат, Нодир Мирзоиён – мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Зафар Сафарализода- мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва Иброҳим Пирназарзода - мудири бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, таъин гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи шаҳри Панҷакент Зокирҷон Аминзода, раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд Суҳроб Саид, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷалолиддин Азиз ва додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон Мансур Қаландарзода бинобар ба кори дигар гузаштан, аз мақомҳояшон озод гардиданд. Бо фармони дигари президент Азизбек Хайриддинозода раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон таъйин гардида, аз вазифаи муовини раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд озод карда шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, пешниҳодҳои президент ба Маҷлиси Миллӣ оид ба интихоб намудани Зафар Азиззода ба вазифаи додраси Додгоҳи олӣ, Зокирҷон Аминзода - муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Сӯҳроб Саид, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Мансур Қаландарзода, судяи Додгоҳи олии иқтисодӣ, Ҷалолиддин Азизӣ - додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода –судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизбек Хайриддинзода -- судяи Суди Олии иқтисоди фиристода шуданд.

Манбаъ мегӯяд, ки бо пешниҳоди президент ба Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Шоҳиён аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Ховар Назарзода аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии, Исмоил Раҳимзода Исмоил - аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд карда мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо қарорҳои ҳукумат муовини якум, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, Директори киностудияи «Тоҷикфилм», таъин гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май бо кадрҳои навтаъиншуда мулоқот намуда ва аз онҳо даъват кардааст, ки "садоқатмандонаву поквиҷдонона ба нафъи давлату миллат" хизмат кунанд.

XS
SM
MD
LG