Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти пирамарди 78-сола барои 50 ҳазор доллар


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурони милиса як пирамарди тақрибан 80-соларо бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт карданд. Вазорат рӯзи 8 май бо нашри баёнияи кӯтоҳе дар вебсайташ навишт, пирамарди 78-сола ва сокини шаҳри Кӯлобро зимни “чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дастгир карданд.

Ба навиштаи вазорат, гумонбаршуда аз соли 2012 инҷониб аз як сокини 56-солаи Душанбе 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, барнагардондааст. Барои ҳамин, ба гуфтаи вазорат, сокини Душанбе ба мақомоти милиса шикоят кардааст, ки пули ӯро баргардонанд.

Дар Тоҷикистон гоҳо муомилоти қарзӣ бе ҳеҷ гуна санад сурат мегирад ва баъдан сабаби ҷанҷолу даъво байни ду тараф мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG