Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳи озарбойҷониҳо бо гумони хизмат ба манфиати Арманистон


Озарбойҷон рӯзи 7 май гуфт, ки гурӯҳи сарбозон ва ҳам афроди мулкиро бо иттиҳоми дар ихтиёри Арманистони ҳамсоя гузоштани маълумоти иктишофӣ боздошт кардааст. Дар изҳороти муштараки додситонии кулл, вазорати дифоъ ва вазорати умури дохилии Озарбойҷон гуфта мешавад, ки ”таҳқиқоти муқаддамотӣ”-и ин парвандаи ҷиноӣ шурӯъ шудааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “гурӯҳи низомиён ва афроди мулкӣ, ки бо хадамоти иттилоотии бегона дар тамос буданд, боздошт шуданд”. Шумори боздоштшудаҳо зикр намешавад, вале ишора мешавад, ки ин афрод дар минтақаи Тертери Озарбойҷон мехостанд тавтеае анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG