Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Нигерия бо асирони “Боко Ҳаром” мулоқот кард


Президенти Нигерия Муҳаммаду Бухорӣ бо 82 духтари мактабхони маҳаллаи Чибок мулоқот кард, ки аз асорати сесолаи тундгароёни гурӯҳи мазҳабии “Боко Ҳаром” раҳо шудаанд. Дар аксҳое, ки рӯзи 7 май дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, ки даҳҳо духтар дар қасри президентӣ меҳмон шудаанд. Як рӯз пеш аз ин ҳукумат тавонист боздоштшудаҳои узви гурӯҳи ҷиноии “Боко ҳаром”-ро бо духтарҳо табдил кунад. Мушовири президент Фемӣ Адесина гуфт, президент ваъда додааст, ки тамоми талошро ба харҷ медиҳад, то ки ин духтарҳо тавонанд дубора ба ҷомеа ҳамоиш ёбанд. Вай гуфт, ки сарнавишти духтарҳо зери назорати ҳукумат хоҳад буд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, ки барои ба хонаводаҳояшон баргаштани духтарҳо мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоле, ки мақомоти Нигерия шарту шароити озодшавии духтарҳо аз асорати сесоларо фош намекунанд, як мақом ба шарти пинҳон мондани номаш гуфтааст, ки барои раҳоии духтарҳо ҳукумат 5 фармондеҳи гурӯҳи “Боко Ҳаром”-ро озод кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG