Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи раҳбарони ҷаҳон аз пирӯзии Эммануэл Макрон


Номзади марказгаро Эммануэл Макрони 39-сола дар интихоботи президентии Фаронса баранда эълом шуд. Ӯ дар паёми пирӯзияш гуфт, "ба ҳамаи фаронсавиҳо" муроҷиат дорад ва ваъда дод, ки арзишҳои аврупоиро ҳимоят хоҳад кард. Президенти ИМА Доналд Трамп Макронро барои "пирӯзии бузургаш" дар интихоботи президентии Фаронса табрик гуфта, қайд кард, ки омодааст, бо ӯ ҳамкорӣ кунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел пирӯзии Макронро дар Фаронса "пирӯзии Аврупои муттаҳиду қавӣ" номид.

Ғалабаи Макронро ҳамчунин сарвазири Бритониё Тереза Мэй низ табрик гуфт. "Фаронса яке аз ҳампаймонони наздики мо аст. Ҳамкорӣ бо президенти нави онро дар доираи васеи афзалиятҳои муштараки ду ҷониб бесаброна интизорем", - омадааст дар изҳороти сухангӯи сарвазири Бритониё. Шаҳрдори Лондон Содиқ Хон, ки моҳи марти соли равон бо Макрон мулоқот карда буд, гуфт, "мардуми Фаронса ба ҷои тарс умед ва ба ҷои парокандагӣ ягонагиро интихоб карданд".

XS
SM
MD
LG