Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Попи Рум аз корбурди "модари тамоми бомбҳо"


Попи Рум дар Ватикан дар рӯзи 16-уми апрел
Попи Рум дар Ватикан дар рӯзи 16-уми апрел

Попи Рум ба кор бурдани ибораи “модари тамоми бомбҳо”- ро интиқод кард ва гуфт, номи модарро набояд ба аслиҳаи маргбор иртибот бидиҳанд. Поп Франсис рӯзи 6-уми май зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Ватикан гуфт, вақте чунин номеро шунид, “ҳиҷолат” кашид.

Ӯ гуфт, “Модар зиндагӣ мебахшад ва он дигарӣ марг ва мо он аслиҳаро модар меномем. Ин чӣ гап аст?” Моҳи гузашта артиши Амрико дар Афғонистон бомби азми ғайритомии GBU-43- ро барои маҳви ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ “ ба кор бурд.

Бинобар бузургиаш ин бомби ғайриатомиро дар нишастҳои хабариву гузоришҳо “модари тамоми бомбҳо” номиданд. Интиқоди Попи Рум аз корбурди ин ибора дар остонаи сафараш ба Вашингтон сурат мегирад, ки қарор аст, ӯ дар онҷо дар рӯзи 24-уми май бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG