Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди тавофуқ. Даргирии нирӯҳои давлатии Сурия бо шӯришиён


Бо вуҷуди ташкили минтақаҳои амн ва эълони оташбас дар ин минтақаҳо, нирӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар Сурия вориди даргирӣ шудаанд. Гуруҳи назорати ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, гуфт, ин даргирӣ рӯзи ҷумъа ва пас аз чанд соати имзои тавофуқнома барои эҷоди минтақаҳои амн сурат гирифтааст. Ба қавли манбаъ, ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия рустои Лозиқия, воқеъ дар вилояти Ҳимо, дар шимоли ғарби ин кишварро бомбаборон кардаанд. Қаблан гуруҳи назорати ҳуқуқи башари Сурия аз ҳамлаҳои ракетӣ ё мушакии нирӯҳои давлатӣ дар шимоли Ҳумс хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG