Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти Ҷамолиддин Оев "барои дағалӣ нисбат ба доварон"


Акс аз бойгонӣ

Ҷамолиддин Оев, сармураббии тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат "барои дағалӣ нисбат ба доварон" аз иштирок дар 8 мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум шудааст. Бо тасмими кумитаи назорату одоби Федератсияи футбол, Оев, инчунин, 1500 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард. Бино ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Оев ҳангоми сабқат миёни дастаҳои “Ваҳдат”-и Ваҳдат ва “Эсхата”-и Хуҷанд дар рӯзи 20 апрел нисбат ба доварон гӯё аз зӯр истифода кардааст. Як ҳамсуҳбати мо дар Федератсияи футбол рӯзи 6 май гуфт, "сармураббии тими “Ваҳдат” баъд аз онки довари кунҷӣ голи тими “Эсхата”-ро ҳисоб кард, нисбат ба ӯ дағалӣ намуд. Ҳарчанд ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими “Ваҳдат” анҷом ёфт." Ҷамолиддин Оев қаблан дар тимҳои “Хима”-и Душанбе ва “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бозӣ мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG