Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳузури низомиашро дар Афғонистон афзоиш медиҳад


Нерӯҳои Афғонистон дар минтақаи Форёб
Нерӯҳои Афғонистон дар минтақаи Форёб

Вазорати дифои Амрико тасмим дорад, ки теъдоди низомиёнашро дар Афғонистон бештар кунад. Эҳтимол то панҷ ҳазор сарбози иловагӣ ба ин кишвар интиқол ёбад.

Ҳафтаи оянда Пентагон ё Вазорати дифои Амрико барномаи нави амалиёти низомӣ дар Афғонистонро ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп пешниҳод хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир нерӯи ҷунбиши Толибон ва артиши Афғонистон қариб ба ҳам баробаранд ва ҳеҷ як тараф наметавонад бар дигаре бартарӣ пайдо кунад. Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ба хотири тамрин ва омода кардани артиши Афғонистон сафарбар мешаванд.

Амрико дар соли 2011 аз ҳама бештар дар Афғонистон нерӯ дошт. Он замон дар ин кишвар беш аз 100 ҳазор низомӣ мустақар буд. Ҳоло ин нерӯ то 8 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Ҷунбиши Толибон дар Афғонистон соли 1994 пайдо шуд. Соли 2001, баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар Ню-Йорк, Амрико эътилофи байналмилалии таҳти сарварии НАТО-ро таъсис дод ва ҳукумати Толибонро дар Афғонистон сарнагун кард.

Соли 2014 Пентагон рисолати низомиашро дар Афғонистон ба поён расонд, вале якчанд ҳазор сарбозро дар ин кишвар боқӣ гузошт.

XS
SM
MD
LG