Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия таъсиси минтақаҳои амнро намехоҳанд


Музокироти ҳалли низои Сурия дар Остона
Музокироти ҳалли низои Сурия дар Остона

Дар гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона мухолифон пешниҳоди Русияро дар бораи таъсиси минтақаҳои амн дар Сурия рад карданд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои кафил - Русия, Туркия ва Эрон созишномаи ташкили "минтақаҳои амн"-ро имзо карданд, намояндаи мухолифони Сурия Усома Абу Зайд гуфт, Сурия ягонагии марзиашро бояд ҳифз кунад.

"Мо зидди тақсимбандии Сурия ҳастем. То замоне, ки Эрон дар ин созиш кишвари кафил боқӣ мемонад, мо дар он ширкат намекунем ва ҷонибдор низ нахоҳем буд", - гуфт ӯ. Абу Зайд ҳамчунин афзуд, Русия дар ин низоъ аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунад ва наметавонад кафолат диҳад, ки ваъдаҳояшро иҷро мекунад.

Чанд намояндаи мухолифин ба нишони эътироз толори ҷаласаро тарк карданд. СММ аз пешниҳоди Русия ҳимоят кард.

Қаблан хабар пахш шуд, ки дар гуфтугӯҳои Остона Русия, Туркия ва Эрон дар бораи ташкили минтақаҳои амн барои сокинони осоишта дар Сурия созишнома имзо кардаанд. Аммо ин ҳуҷҷат расонаӣ нашуд.

Дар ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки аз соли 2011 идома дорад, бештар аз 400 ҳазор одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG