Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт то ба сатҳи соли гузашта поин рафт


Нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ 5% коҳиш ёфта, то ба сатҳе расидааст, ки моҳи ноябри соли гузашта, пеш аз созиши кишварҳои ОПЕК дар бораи кам кардани истихроҷи он поин рафта буд.

Ҳоло арзиши як бушка нафти Brent то 48,38 доллар ва нафте, ки дар ИМА истихроҷ мешавад, то 45,48 доллар поин рафтааст. Коршиносон пешрафт дар гуфтугӯи сулҳ миёни гурӯҳҳои даргири Либияро яке аз далелҳои ин коҳиш меноманд, ки задухӯрдҳояшон борҳо ба қатъи истихроҷи нафт дар ин кишвар сабаб шудааст.

Дар сурати барқарории сулҳ дар Либия, ки квотаҳои ОПЕК ба он дахл надорад, ин кишвар метавонад дар як рӯз то якуним миллион бушка нафт истихроҷ кунад. Нигерия низ умед дорад, рӯзҳои наздик ба бесуботии сиёсиаш, ки афзоиши истихроҷи нафтро мушкил кардааст, нуқта гузорад.

Яке аз сабабҳои асосии поин рафтани нарх афзоиши истихроҷи он дар Иёлоти Муттаҳида аст. Иттилои ахири Вазорати энергетикаи ИМА нишон медиҳад, ки сатҳи истихроҷи нафт дар ин кишвар афзоиш ва ҳаҷми захираи он аз андозае, ки пешбинӣ мешуд, поин рафтааст.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки созишномаи ОПЕК дар бораи коҳиши истихроҷи нафт чандон таъсиргузор нест. Аъзои ОПЕК 25 майи соли равон дар шаҳри Вена гирди ҳам меоянд, то масъалаи тамдиди қарордоди худро то охири соли равон баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG