Ҷонибдорони раҳбари боздоштшудаи Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев дар назди бинои додгоҳи шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот зада, озодии ин сиёсатмадорро талаб карданд.
Баррасии ҳукми ҳабси раҳбари Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон, ки қарор буд, имрӯз соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад, то соати 16:00 ба таъхир гузоштанд.
Текебоев 26 феврали соли равон дар асоси даъвои соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт шуд. Маевский мегӯяд, соли 2010 барои мусоидат ба хариди саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба ӯ 1 миллион доллар додааст. Додгоҳи Якуми майи Бишкек 21 апрел мӯҳлати ҳабси ӯро то 25 май дароз кард. Вакилони дифои сиёсатмадор аз ин қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд.
Раҳбари Ҳизби "Ота Макон" бар пояи қисми 1-и банди 303 (Коррупсия)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон муттаҳам шудааст. Аммо тарафдоронаш мегӯянд, ки боздошти Текебоев ангезаи сиёсӣ дорад.