Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук 3 ҳазор коргари нав истихдом мекунад


Марк Зукерберг - бунёдгузори Фейсбук
Марк Зукерберг - бунёдгузори Фейсбук

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯзи 3 май гуфт, ки барои аз саҳифа бардоштани наворҳои хушунатбор, мисли пахши зиндаи худкушиҳои чанде пеш, 3 000 коргари иловагиро дар саросари ҷаҳон истихдом мекунад.

" Мо мебинем, ки одамон ба худашон ва корбарони дигар дар Фейсбук осеб мерасонанд - бо пахши зинда ва нашри видеоҳо"- гуфт Марк Зукерберг бунёдгузори Фейсбук. Ӯ афзуд, ки ин ҳодисаҳо мояи дилшикастагӣ мешаванд ва вокуниши сареъро тақозо мекунанд.

Изҳороти Зукерберг дар ҳоле пахш шуд, ки як ҳафта пеш марди тайландӣ дар пахши зинда дар Фейсбук, қабл аз худкушӣ духтари навзодашро ба қатл расонд.

Ҳафтаи пеш ҳамчунин як марди амрикоӣ, ки аз ӯ "Қотил дар Фейсбук" ном мебурданд, баъди дар пайгарди қонун қарор гирифтанаш, саҳнаи худкушиашро ба таври зинда дар Фейсбук пахш кард.

Ин худкушӣ мавҷи хашмро дар саросари ҷаҳон баланд кард ва расонаҳои иҷтимоиро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дод.

Барои берун кардани баъзе наворҳои хушунатбор аз Фейсбук беш аз як рӯз сарф шуд ва Зукерберг эътироф кард, ки барои пешгирӣ аз тамоюли нигаронкунанда кори бештаре зарур аст.

3 000 коргари нав бар иловаи 4 500 тими назоратӣ аст, ки ҳоло дар Фейсбук фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG